Сентябр 16, 2019 13:45 Asia/Dushanbe
  • Озодии минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон аз тасарруфи Толибон

Вазорати дифои Афғонистон аз озодии минтақаи Янги - Қалъа аз тасарруфи Толибон хабар дод.

Ин ниҳоди ҳукуматии Афғонистон дар сафҳаи худ дар Твиттер эълом кард, бо амалиёти вижаи нерӯҳои амниятӣ, шаҳристони Янги-Қалъа, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, ба таври комил аз тасарруфи Толибон хориҷ шуд.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони ҳукумати маҳаллӣ дар гузориш ба шабакаи телевизиони “Тулуъ” аз кушта шудани 28 нафар аз аъзои Толибон дар даргирӣ бо нерӯҳои давлатии Афғонистон хабар додаанд.

Тайи моҳҳои ахир шибҳинизомиёни Толибон чандин минтақа дар устонҳои Тахор, Бадахшон ва Кундӯзи Афғонистонро тасарруф карда буданд, ки баъдтар аз он манотиқ ронда шуданд. Ин устонҳо дар шимоли Афғонистон бо Тоҷикистон марзи муштарак доранд.

Ин дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷикистонӣ ва афғонистонӣ, шуморе аз аъзои Толибон ва низ гурӯҳи такфирӣ-террористии ДИИШ дар шимоли Афғонистонро шаҳрвандони Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон ташкил медиҳанд.