Имзои санади ҳамкории Тоҷикистон ва Уммон
Тоҷикистон ва Уммон санади ҳамкорӣ имзо карданд.
Мақомоти Тоҷикистон ва Уммон дар маросиме дар шаҳри Маскат ёддошти тафоҳуме дар заминаи ройзаниҳои сиёсӣ миёни вазоратхонаҳои умури хориҷаи ду кишвар имзо карданд.
Ба гузориши “Форс”, миёни вазоратхонаҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Уммон дар шаҳри Маскат ёддошти тафоҳуме дар заминаи ройзаниҳои сиёсӣ ба имзо расид. Ёддошти тафоҳуми мазкурро аз тарафи тоҷик Зубайдуллоҳ Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва аз тарафи Уммон шайх Халифа бин Алӣ бин Исо АлҲариси, муовини аввали вазири умури хориҷаи ин кишвар ба имзо расонданд.
Баъд аз маросими имзои ёддошти тафоҳум, тарафайн вазъият ва чашмандози ҳамкорӣ миёни ду кишварро баррасӣ ва дар хусуси масоили муҳим табодули назар карданд.