Тоҷикистон ва 5 мушкили зистмуҳитӣ
Тоҷикистон бо 5 мушкили зистмуҳитӣ рӯ ба рӯ мебошад, ки бояд барои ҳалли ин маворид тадбирҳои фаврӣ андешида шавад.
Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, тағйироти обуҳавоӣ, тахриби заминҳои кишоварзӣ, афзоиши олояндаҳои ҳаво, зуболаҳои ҳастаии даврони Шуравӣ ва пасмондҳои пластикӣ аз ҷумлаи ин 5 таҳдид ба ҳисоб меоянд, ки бояд барои ҳалли ин мушкилот дар Тоҷикистон иқдом кард.
Ба гуфтаи донишмандон то соли 2050 як сеюм аз кулли пиряхҳои табиии Осиёи Марказӣ об мешаванд, ки хатари ҷорӣ шудани селу тахриби садҳо дар Тоҷикистонро афзоиш медиҳад.
Дар Тоҷикстон акнун 13 ҳазор пиряхи табиӣ сабт шудааст, ки то соли 2050 ниме аз ин манобеи обӣ зӯб хоҳанд шуд. Мушкили дувуми Тоҷикистон тахриби заминҳои кишоварзӣ ва пайдоиши биёбон дар манотиқи ҷануби ин кишвар мебошад, ки муҷиби коҳиши 30 то 70 дарсадии бардошти маҳсул мешавад.
Мушкили сеюми зистмуҳитӣ дар Тоҷикистон олояндаҳои ҳаво ба ҳисоб меоянд, ки бо густариши шабакаи ҳамлу нақли заминӣ акнун ба манбаи хатарнок барои саломатии шаҳрвандони ин кишвар табдил шудаанд. Бар асоси гузориши Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист, Тоҷикистон танҳо дар шаҳри Душанбе 82 ҳазор василаи нақлия тараддуд мекунад, ки 80 дарсади олудагии ҳавои пойтахт иборат аз ҳаракати ин худравҳо мебошад.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 10 макони дафни зуболаҳои ҳастаии даврони Шуравӣ вуҷуд дорад, ки 55 миллион тон пасмонди атомиро шомил мешавад ва барои хунсосозии ин мавод Тоҷикистон ба 30 миллион евро манобеи молӣ ниёз дорад.
Ва дар ниҳоят вуҷуди пасмондҳои пластикӣ ва заиф будани коркарди онҳо хатари дигари зистмуҳитӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меояд, ки бояд дар заминаи коҳиши таҳдидони ин 5 маврид иқдом кард.