Сентябр 23, 2019 09:47 Asia/Dushanbe
  • Бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон метавонад боиси ҷазби сармояи хориҷӣ шавад

Коршиноси умури бонкӣ дар Русия муътақид аст, ифтитоҳи нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистон метавонад боиси ҷазби сармояи хориҷӣ дар низоми бонкиву молии ин кишвар шавад.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, хонум Мадина Калимуллино бо ишора ба судури муҷаввизи фаъолияти нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистон гуфт, панҷ сол тӯл кашидааст то дар ин кишвар заминаи оғоз ба кори ин бонк фароҳам шавад.

Ба гуфтаи вай, бо ин ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар соли 2014 қонуни бонкдории исломӣ дар ин кишварро тасвиб карда буд, аммо акнун заминаи фаъолияти нахустин бонки исломӣ дар ин ҷумҳурӣ фароҳам шудааст.

Калимуллино муътақид аст, агар Бонки миллии Тоҷикистон аз фаъолияти ин бонк ҳимоят кунад, бидуни тардид кишварҳои исломӣ метавонанд ба бонки тозатаъсиси исломӣ дар Душанбе кумаки молӣ расонанд. Зеро онҳо таҷрибаи ҳамкории бонкҳои кишварҳои исломӣ бо бонкҳо исломӣ дар Русияро доранд.

Ба гуфтаи хонум Мадина Калимуллино, шарти муҳими фаъолияти “Тавҳидбонк” дар Тоҷикистон, мурооти муқаррароти шариати исломӣ аст, ки бо аҳкоми Ислом, ба вижа аз манзари манъи рибо ҳамхонӣ дорад ва дар қолаби иқтисоди исломӣ таъриф мешавад.

Ахиран Бонки миллии Тоҷикистон муҷаввизи фаъолияти нахустин бонки исломӣ дар ин кишвар, мавсум ба “Тавҳидбонк” - ро содир кард.