Сентябр 23, 2019 18:09 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Тоҷикистон бо вазири тиҷорат ва саноати Ҳинд

Сафири Тоҷикистон дар Ҳинд бо вазири тиҷорат ва саноати ин кишвар дидор ва масоили марбӯт ба тавсеъаи ҳамкориҳои санъатӣ, тиҷорӣ ва иқтисодии ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба гузориши Форс, Султон Раҳимзода, сафири Тоҷикистон ва Пиюш Гоял, вазири тиҷорат ва саноати Ҳинд дидору гуфтугу карданд. Дар ин дидор масоили марбут ба ҳамкории ду кишвар дар заминаи тиҷорат ва саноат баррасӣ шуд. Иҷрои бандҳои даҳумин иҷлоси Комиссиюни муштараки ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фаннии Тоҷикистон ва Ҳинд, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд аз дигар мавзуоте буд, ки мавриди баҳси тарафайн қарор гирифт . Тарафайн ҳамчунин бар аҳаммияти ҳамкорӣ миёни манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳинд таъкид ва барои густариши бештари ҳамкориҳо дар ин замина, эъломи омодагӣ карданд.

 

Барчасп