Ҳалокати 4 нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ
Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта дар роҳҳои кишвар бар асари садамаҳои нақлиётӣ 4 нафар ҳалок шуданд.
Ба навиштаи сомонаи Asia Plus, субҳи 21-уми сентябр ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Собир Бекматови 25-сола, сокини ноҳияи Фархор ҳангоми ҳаракат дар қаламрави деҳаи Зори Зарди ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиётӣ набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер” таҳти идораи Зувайдулло Бӯрихонови 33-сола, сокини ноҳияи Восеъ бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофирони “Опел-Астра” Бӯрихон Темуров ва ноболиғ Ёсамин Бекматова (соли таваллуд 2019) ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳолиса фавтидаанд.
Ҳар ду ронанда ва се мусофири “Опел-Астра”, аз ҷумла, Шукрона Бекматоваи дусола бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба бемористон интиқол ёфтаанд.
Рӯзи 22-юми сентябр дар шаҳри Турсунзода Муродалӣ Ҷӯраеви 38-сола аз уҳдаи идораи трактор набаромада, пиёдагарди ноболиғ Ҷӯрабек Асомиддинови 7-соларо пахш кардааст, ки дар натиҷа ӯ дар бемористон ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин рӯз дар роҳи мошингарди “Бӯстон - Азизобод”-и ноҳияи Мастчоҳ ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира” Ҳалим Саидзодаи 39-сола идораи воситаи нақлиётиро аз даст дода, ба симчӯби барқ бархӯрда, аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардошта дар ҷойи ҳодиса фавтидааст.