Фосилаи табақотӣ ва муҳоҷират; ду мушкили асосии кӯдакон дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 24 Sep 2019 06:14:15 GMT )
Сентябр 24, 2019 11:14 Asia/Dushanbe
  • Фосилаи табақотӣ ва муҳоҷират; ду мушкили асосии кӯдакон  дар Тоҷикистон

Мудири намояндагии созмони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон эълом кард:Фосилаи табақотӣ ва муҳоҷират- ду мушкили асосии кӯдакон дар ин кишвар мебошад .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ , Гинриета Фор гуфт :Дар ҷомъеаи Тоҷикистон  суръати афзоиши фосилаи табақотӣ дар муқоиса  бо дигар  кишварҳои минтақаи Осиёи марказӣ аз ҳама болотар аст ва муҳоҷирати волидайни кӯдакон ба Русия низ дар ояндаи ин афрод таъсири манфӣ мегузорад .

 Вай таъкид мекунад, ки кудакони манотиқи рустоии Тоҷикистон дар муқоиса бо кудакони шаҳрӣ аз имкони камтаре барои идомаи таҳсил ва вуруд ба донишгоҳ бархурдор ҳастанд ва хонаводаҳои фақир тарҷеҳ медиҳанд, ки фарзандони онон ба ҷои донишгоҳ барои кор роҳии Русия шаванд .

 Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд 30 дарсад аз ҷамъияти 9 миллионнафарии ин кишвар зери хатти фақр ҳастанду барои коҳиши ин падида чандин барнома дар дасти иҷро қарор дорад .

 Коршиносон муътақиданд, ки дар ҷомеъаи Тоҷикистон  қишри миёна вуҷуд надорад , зеро як қисм аз мақомот ва моликони ширкатҳо ва корхонаҳо бо бархурдорӣ аз имтиёзоти мухталиф сарватҳои зиёди молӣ андухтаанд ва дар баробари онон  қишри фақири дигаре ҳастанд ки барои таъмини манобеи маъишатии хонаводаи худ заҳмат мекашанд .

Афзоиши фосилаи табақотӣ  ва муҳоҷират  дар Тоҷикистон бар авзоъи руҳиву равонии кӯдакони ин кишвар ки маҷбур мешаванд ба ҷои идомаи таҳсил дар ҷустуҷуи кор бошанд , таъсири манфӣ мегузорад .