Сентябр 24, 2019 20:16 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи 31 шаҳрванди хориҷӣ аз Тоҷикистон

Бо иҷрои амалиёти шиносоии шаҳрвандони хориҷии фаъол дар Тоҷикистон, 31 шаҳрванди хориҷӣ ба иттиҳоми нақзи қонуни иқомат ва кор аз қаламрави ин кишвар ихроҷ шудаанд.

Ба гузориши сомонаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, дар се марҳалаи амалиёти шиносоии атбои хориҷии фаъол дар ин кишвар 145 мавриди нақзи қавонини иқомат ва кор аз сӯи атбои хориҷӣ сабт шудааст, ки 31 нафар аз ин афрод ихроҷ шудаанд.

Ин амалиёт аз сӯи нерӯҳои Вазорати Корҳои Дохила(ВКД), Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ (КДАМ), коршиносони вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон анҷом шуд.

Аз 145 маврид нақзи қавонини иқомат ва кори Тоҷикистон, 105 маврид ба муқаррароти сабти ном, доштани ҳаққи вурӯд ба қаламрави ин кишвар ва дарёфти муҷаввизи иқомат ва кор иртибот дорад.

Теъдоде аз мутахаллифон ба пардохти ҷаримаи молӣ маҳкум ва 31 шаҳрванди хориҷӣ низ аз ин кишвар ихроҷ шудаанд.

 

Барчасп