Сентябр 25, 2019 11:47 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Покистон барои ислоҳи созишномаи интиқоли барқи тарҳи Casa-1000

Ҳукумати Покистон ислоҳи банде аз созишномаи сохти хатти интиқоли барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҷануби шарқи Осиё мавсум ба Casa-1000 -ро хостор шудааст.

Ба нақл аз нашрияи The News, ин банд ба мизони барқи содиротии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Покистон иртибот дорад, ки Исломобод хариди танҳо 1000 мегаватт барқ дар фаслҳои баҳор ва тобистон аз ин ду кишвари Осиёи Марказиро хостор шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки қаблан мақомоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон эълом карда буданд, ки аз ин хат ба Афғонистон ва Покистон 5 миллиард киловатт/соат барқ мунтақил хошҳад шуд, ки 3 миллиард киловатт/соат саҳми Тоҷикистон ва 2 миллиард киловатт/соат саҳми Қирғизистон аст.

Вале коршиносони умури энергетика дар Тоҷикистон мӯътақиданд, ки далели аслии худдории Покистон аз хариди барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон қимати он аст, зеро бар асоси тавофуқи кишварҳо ва ниҳодҳои молии ширкаткунанд дар тарҳи Casa-1000 қимати ҳар киловатт/соат барқи содиротии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон 9,3 сент хоҳад буд.

 

Барчасп