Сентябр 25, 2019 14:18 Asia/Dushanbe
  • Имдодгарони тоҷик ду кӯҳнаварди русро наҷот доданд

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ду кӯҳнаварди русро наҷот доданд.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба расонаҳо гуфтааст: Имдодгарон пас аз 19 соат амалиёти наҷот дар иртифои 2000 метр аз сатҳи дарё, ин ду кӯҳнаварди русро аз хатари марг наҷот доданд.

Кудрини 58-сола ва Писарчуковскаяи 39-сола дар риштакӯҳи Фон дар шимоли Тоҷикистон гирифтор шуда ва натавониста буданд дар замони муқаррар ба гурӯҳи аслии кӯҳнавардон мулҳақ шаванд.

Ба дунболи таъхири Кудрин ва Писарчуковская дар расидан ба гурӯҳи аслии кӯҳнавардон, раҳбари гурӯҳ аз мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистн дархости кӯмак кард.

 Кӯҳистонӣ будани Тоҷикистон сабаб шудааст, ки ҳамасола садҳо кӯҳнаварду гардишгари хориҷӣ озими ин кишвар мешаванд.

Барчасп