Сентябр 25, 2019 16:23 Asia/Dushanbe
  • Иддаои дастёри раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истиқлоли дастгоҳи қазоии ин кишвар

Дастёри раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон муддаӣ шуд, ки дастгоҳи қазоии ин кишвар аз истиқлоли кофӣ бархӯрдор аст.

Ба нақл аз Авеста, Зариф Ализода ки дар нишасти ҳуқуқи башарии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо суханронӣ мекард, зимни ташреҳи барномаи ислоҳоти додгоҳӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон барои давраи 2019 то 2021 эълом кард, ки ҳукумати ин кишвар тадбирҳои мухталифе дар ростои беҳбуди кори дастгоҳи қазоӣ ва сохтори додгустарӣ пиёда кардааст.

Нишасти ҳуқуқи башарии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон бо ҳузури ҳайатҳое аз ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифони мустақар дар Аврупо шомили аъзои Паймони миллии Тоҷикистон ва "Гурӯҳи" 24 дар ҳоли баргузорӣ аст.