Коҳиши интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон бо вуҷуди афзоиши муҳоҷират
Бо вуҷуди афзоиши сафи коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русия тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ, мизони интиқоли даромади молии ин афрод ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишварашон 1 миллиарду 111 миллион доллар ирсол кардаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 38 миллион доллар камтар аст.
Ин дар ҳолест, ки дар соли 2018 коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон 2 миллиарду 553 миллион доллар ирсол карда буданд, ки дар муқоиса бо соли 2017 ҳудуди 17 миллион доллар бештар будааст.
Аммо коҳиши мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишварашон тайи шаш моҳи нахусти имсол дар ҳоле аст, ки дар ин муддат теъдоди ин афрод, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, дар муқоиса бо соли қабл афзоишро нишон медиҳад. Зеро бар асоси гузориши Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон, тайи ҳашт моҳи соли ҷорӣ аз ин кишвар 411 ҳазор нафар барои кор ба Русия рафтаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи сол қабл афзоиши 26 дарсадиро нишон медиҳад.
Бар асоси гузориши Вазорати корҳои дохилии Русия, дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар 1 миллиону 200 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба унвони коргари муҳоҷир бо муҷаввизи расмӣ фаъолият мекунанд.