Сентябр 26, 2019 10:49 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 6 миллиондолларии мизони муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон

Мизони муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон тайи 8 моҳи соли ҷорӣ ба 2 миллиарду 826 миллион доллар расид, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 6 миллион доллар бештар аст.

Ба гузориши сомонаи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, тайи ин муддат тарози манфии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон нисбат ба воридот наздик ба як миллиарду 425 миллион доллар аст.

Тайи ин муддат ба Тоҷикистон 2 миллиарду 125 миллион доллар коло ворид шудаву аз ин кишвар ба хориҷ 702 миллион доллар маҳсулот содир шудааст.

Гуфта мешавад, ки тайи ҳашт моҳи соли ҷорӣ мизони содироти коло ба хориҷ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 13 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Тайи 8 моҳи соли ҷорӣ Русия бо 654 миллион доллар ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ бо Тоҷикистон, муҳимтарин шарики ин кишвар боқӣ мондааст. Қазоқистон бо 559 миллион доллар дар радифи дувум ва Чин бо 405 миллион доллар дар мақоми сеюм қарор гирифтаанд.

Мизони муомилоти тиҷории Тоҷикистон бо Ӯзбакистон тайи ин муддат ба 231 миллион доллар расидааст.

Дар ин муддат Тоҷикистон бо 102 кишвари ҷаҳон муомилоти тиҷорӣ доштааст.