Сентябр 26, 2019 11:09 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар ҳавзаи муҳоҷирати корӣ

Сафири Тоҷикистон дар Қатар бо вазири тавсеа, кор ва масоили иҷтимоии ин кишвар дидор ва мавзӯи марбут ба барқарории равобити дуҷониба дар ҳавзаи муҳоҷирати кориро баррасӣ карданд.

Ба гузориши “Форс”, Хусрав Соҳибзода, сафири Тоҷикистон дар Доҳа ва Юсуф бин Муҳаммад Ассасон Фахру, вазири тавсеа, кор ва масоили иҷтимоии Қатар дидору гуфтугӯ кард. Дар ин дидор масоили марбут ба барқарории ҳамкории мутақобил миёни 2 кишвар дар ҳавзаи муҳоҷирати корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иҷрои тавофуқномаи байнидавлатии Тоҷикистону Қатар дар заминаи нерӯи корӣ дар феврали соли ҷории мелодӣ аз мавзӯоте буд, ки мавриди баҳсу баррасии 2 тараф қарор гирифт. Дар ин росто тарафайн дар хусуси эҷоди камиссиюни муштарак дар заминаи ҷазби нерӯи кор аз Тоҷикистон, баргузории давраҳои омӯзишӣ барои муҳоҷирони корӣ ва баррасии тахассусҳои мавриди ниёз дар бозори кори Қатар баҳсу табодули назар карданд.

 

Барчасп