Воридоти 321 ҳазор тон фаровардаҳои нафтии Тоҷикистон тайи ҳашт моҳи имсол
(last modified Sat, 28 Sep 2019 05:54:57 GMT )
Сентябр 28, 2019 10:54 Asia/Dushanbe
  • Воридоти 321 ҳазор тон фаровардаҳои нафтии Тоҷикистон тайи ҳашт моҳи имсол

Тоҷикистон тайи ҳашт моҳи имсол 321 ҳазор тон фаровардаҳои нафтӣ ворид кардааст.

Беш аз 321 ҳазор тон анвои фаровардаҳои нафтӣ тайи ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба арзиши 145 миллиону 400 ҳазор доллар ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Ба гузориши сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, қимати ҳар тон фаровардаҳои нафтии воридотӣ ба ин кишвар тайи ҳашт моҳи соли ҷорӣ 452 доллар эълом шудааст.

Умдаи фаровардаҳои нафтии мавриди ниёзи Тоҷикистон аз Русия таъмин мешавад. Ҳамчунин аз Туркманистону Қазоқистон низ миқдори камтаре бензину сухти дизелӣ ба Тоҷикистон ворид мешавад.

Тайи соли ҷорӣ қимати бензину сухти дизелӣ дар Тоҷикистон чанд бор афзоиш ёфт, ки ширкатҳои воридкунандаи ин ду навъи сӯхт иллати ин гарониро ба афзоиши қиматҳо дар кишварҳои содиркунанда марбут медонанд. Дар ҳоли ҳозир қимати як литр бензин ва сухти дизелӣ беш аз 8 сомонӣ ва к литр гази мойеъ низ беш аз 4 сомонӣ мебошад.