Октябр 01, 2019 10:14 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон хостори истирдоди Фарҳод Одинаев аз Беларус

Мақомоти қазоии Тоҷикистон бо ирсоли номаи расмӣ ба Беларус истирдоди Фарҳод Одинаеви 42 сола узви Ҳизби мамнуаи наҳзати исломиро хостор шудаанд.

Ба нақл аз сомонаи Фарғона, вай ки муассиси телевизиони мавсум ба Сафо дар соли 2013 дар Русия аст аз сӯи мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон аз соли 2018 ба иттиҳоми таблиғи фаолиятҳои ифротигарӣ ва кумаки молӣ ба Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон таҳти пайгарди қазоӣ қарор дорад шаш рӯз қабл ҳангоми рафтан ба Полша аз Русия дар марзи Беларус боздошт шудааст.

Хонум Наста Лайко корманди Созмони мудофеи ҳуқуқи башарии Human Constanta гуфтааст, ки Фарҳод Одинаевро рӯзи аввали моҳи октябри соли равон ба боздоштгоҳи шаҳри Гродно мунтақил хоҳанд кард ва таи чиҳил рӯз додситонии кулли Беларус мавзӯи истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод ин дар ҳолест, ки намояндагони созмонҳои мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ мегуянд, ки Фарҳод Одинаев пас аз соли 2015 ва масдуд шудани телевизиони мавсум ба Сафо дар Маскав ба тиҷорат машғул буд ва даст ба фаолиятҳои сиёсӣ назадааст. Фарҳод Одинаев, ки тобеияти русӣ ва тоҷикӣ дорад талош када буд, ки дар нишасти Шурои ҳуқуқи башари Созмони амнияти ва ҳамкории Аврупо дар Полша, ки ҳайате аз ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифони давлати Душанбе ҳузур доранд ширкат кунад.

Бо ин ҳол созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башарӣ аз давлати Беларус дархост кардаанд, ки ба далели вуҷуди шиканҷа дар Тоҷикистон аз истирдоди Фарҳод Одинаев ба кишвараш худдорӣ кунад.

 

Барчасп