Октябр 01, 2019 14:30 Asia/Dushanbe
  • Туркия, Швейтсария ва Қазоқистон мақосиди аслии содиротии Тоҷикистон дар 8 моҳи 2019

Тоҷикистон дар моҳҳои январ то августи соли равон маҳсулоти худро ба таври асосӣ ба кишварҳои Туркия, Швейтсария ва Қазоқистон содир кардааст.

Ба нақл аз Форс, дар моҳҳои январ то августи соли равон Тоҷикистон маҳсулоти худро ба таври асосӣ ба кишварҳои Туркия, Швейтсария ва Қазоқистон содир кардааст.

Ба ин тартиб 21.5 ва 18.8 дарсад аз ҳаҷми куллии маҳсулоти содиршудаи Тоҷикистон ба хориҷ ба тартиб бо кишварҳои Туркия ва Швейтсария муртабит аст. Ба ин 2 кишвар ба таври асосӣ аз Тоҷикистон маҳсулоти филизии ғайриоҳанӣ монанди алминиюм, филизҳои гаронбаҳо ва алёфи пахта содир мешавад. Дар 8 моҳи соли равон ҳаҷми нақдии содироти маҳсулоти тоҷикӣ ба Туркия беш аз 150.2 миллион доллар баровард шуда дар ҳоле ки мизони воридоти колоҳои туркӣ ба Тоҷикистон ин муддат беш аз 95.7 миллион долларро ташкил додааст. Ҳаҷми гардиши молии Тоҷикистон бо Туркия дар ин муддат беш аз 246 миллион доллар эълом шудааст. Мизони куллии мубодилаи тиҷории Тоҷикистон бо Швейтсария беш аз 131.8 миллион доллар баровард шуда, ки 124.6 миллион доллар аз он бо содироти маҳсулоти тоҷикӣ ба ин кишвар марбут аст. Бо ин ҳол Русия ҳамонанди пеш дар рутбаи аввали шарикони тиҷории Тоҷикистон қарор дорад. Мубодилаи тиҷорӣ миёни Тоҷикистон ва Русия дар моҳҳои январ то августи соли равон беш аз 654.6 миллион доллар эълом шудааст. Алминиюми аввалия,алёфи пахта, филизҳои гаронбаҳо ва меваҳои хушк аз ҷумла маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба хориҷ мебошанд. Воридоти маҳсулот ба Тоҷикистон дар ин муддат ба таври асосӣ бо кишварҳои Русия, Қазоқистон ва Чин муртабит ва ба тартиб 29.6 дарсад, 21.7 дарсад ва 17.5 дарсад аз ҳаҷми куллии воридоти коло ба ин кишваро ташкил додааст.