Октябр 01, 2019 19:32 Asia/Dushanbe
  • Русия байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломӣ миёнҷигарӣ мекунад

Вазири умури хориҷаи Русия аз талоши ин кишвар барои ҳалли ихтилоф миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров дар мусоҳиба бо нашрияи русии “Комммерсант” бо ёдоварии хадамоти Маскав ва Теҳрон барои поён додан ба ҷанги дохилии Тоҷикистон дар соли 1997 гуфтааст, ки Маскав барои поён додан ба ихтилофоти феълӣ байни ҳукумати Душанбе ва Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ низ талош хоҳад кард.

Интишори ин изҳороти Лавров дар нашрияи русии “Коммерсант” дар ҳоле буд, ки ин нашрия муддате баъд ин бахш аз суханони вазири умури хориҷаи Русияро аз сафҳаи интернетии хеш ҳазф кард.

Аммо ин мусоҳиба дар сомонаи Вазорати умури хориҷаи Русия ҳифз шуда ва қобили дастрасӣ аст.

Вазири умури хориҷаи Русия таъкид кардааст, ки дар поёни ҷанги дохилии Тоҷикистон бар асоси Созишномаи сулҳ миёни давлат ва мухолифони вақт, намояндагони аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф вориди вазоратхонаҳо ва идороти давлатии ин кишвар шуданд, аммо пас аз чанд сол дубора ихтилоф миёни тарафҳо буруз кард ва акнун Маскав саъй мекунад ба ин танишҳо поён диҳад.

Лавров ибрози умедворӣ кардааст, ки Маскав муваффақ шавад ихтилофоти феълӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳизби мамнуаи наҳзати исломиро бартараф кунад.

Мақомоти Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 бо тарҳи иттиҳоми мушорикати Ҳизби наҳзати исломӣ дар шӯриши генерал Абдулҳалим Назарзода, муовини вақти вазири дифои ин кишвар, фаъолияти ин ҳизбро мамнуъ ва теъдоди зиёде аз масъулон ва аъзои ин гурӯҳро боздошт ва зиндонӣ карданд.

 

Барчасп