Октябр 03, 2019 09:56 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди сафири Тоҷикистон дар Маскав бар муҷозоти қотили кудаки тоҷик дар Русия

Сафири Тоҷикистон дар Маскав бар муҷозоти қотили Ҳувайдо Тиллозода кудаки тоҷик, ки дар ҳумаи Маскав ба таври фаҷеъ ба қатл расид таъкид кард.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Имомдин Сатторзода ин матлабро дар дидор бо Абдуссалом Саидов падари мақтул ва Шавкат Умаров вакили мадофеи нави Ҳувайдо Тиллозода эълом кардааст.

Вай таъкид кардааст, ки Сафорати Тоҷикистон дар Русия то охир ин мавзӯъро пайгирӣ хоҳад кард, ки таҳқиқоти мунсифона анҷом шавад ва қотили ин кудаки тоҷик ба сазои аъмолаш бирасад.

Ҳувайдо Тиллозода духтари панҷсолаи тоҷик рӯзи 22 июни соли 2018 дар шаҳри Серпуховои Маскав нопадид ва як рӯз баъд ҷисми қатъа қатъа шудаи вай пайдо шуд.

Гуфта мешавад, ки муттаҳам дар ин ҷиноят дар ҳоли дармон дар бемористони руҳӣ равонӣ мебошад ва ба ҳамин далел муҳокимаи вай дар додгоҳ ақиб афтодааст.

Ҳамчунин ба далели боздошти вакили мудофеи қаблии хонаводаи Ҳувайдо Тиллозода акнун бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Русия Шавкат Умаров вакили мудофеи нав масъулияти дифоъ аз ҳуқуқи мақтулро баруҳда гирифтааст.

Барчасп