Октябр 03, 2019 11:53 Asia/Dushanbe
  • Иҷроии маҳдудият ба занони муҳаҷҷаба дар Тоҷикистон

Сомонаи Ахбор, мавриди наве аз иҷроии маҳдудият ба занони муҳаҷҷаба дар Тоҷикистонро расонаӣ кард.

Ба нақл аз Ахбор, дар матлабе таҳти унвони "шикори занон ва духтарони ҳиҷобпуш дар маҳаллаи 82" навиштааст, ки 3 зани вобаста ба мақомот бо иҷроии маҳдудият ба занони муҳаҷҷаба онҳоро таҳдид мекунанд, ки пушиши исломӣ надошта бошанд ин қазия дар сохтмони Амонатбонки маҳаллаи 82 шаҳри Душанбе рух дод.

Дар гузашта мақомоти ҳукуматии Тоҷикистон дар тавҷеҳи ин гуна иқдомоти онро ба унвони барномаи фаҳмонидан ба занон дар бораи пушиш эълом кардаанд.

Аммо дар мавриди матлаби нави сомонаи Ахбор ҳануз вокунише аз сӯи мақомот сурат нагирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи қонуни Тоҷикистон доштани пушиши исломӣ ё ҳиҷоб барои бонувони мусалмони Тоҷикистон манъе надорад.

Аксарияти ҷамъияти 9 миллион нафарии Тоҷикистонро мусалмонон ташкил мекунанд, ки тақрибан ниме аз онҳо бонувон ҳастанд, ки ҳамвора ба ормонҳои динӣ пойбанд ҳастанд. Пойбандии динии мусалмонони Тоҷикистон ҳатто сиёсатҳои шадиди зиддидинии шуравии собиқ натавонисба буд аз байн бибард.