Ибҳом дар тарҳи “Каса – 1000” бо иқдомоти Покистон
Коршиноси умури энержии Тоҷикистон муътақид аст, ки дархости ахири давлати Покистон барои изофа кардани банди ҷадиде ба тавофуқномаи тарҳи “Каса – 1000” ин тарҳро бо ибҳом рӯ ба рӯ мекунад.
Ба гузориши сайти “Авесто”, Камолиддин Сироҷиддинов бо ишора ба мавозеи интиқодии мақомоти энержии Покистон дар бораи тарҳи “Каса – 1000” ва зери суол бурдани аҳамияти он барои ин кишвар гуфтааст, ки бояд Тоҷикистон барои бартараф кардани ин ибҳом иқдом кунад.
Мақомоти Покистон муддаӣ шудаанд, ки қимати ҳар киловат соат барқи харидоришуда аз Тоҷикистон ва Қирғизистон бо эҳтисоби ҳазинаи сохти истгоҳи фишорқави дар шаҳри Пешовар ба беш аз 9 сент хоҳад расид, ки аз нигоҳи иқтисодӣ ба нафъи Исломобод нест.
Аз сӯи дигар, дар фасли сармо Тоҷикистон ва Қирғизистон худ ба барқ ниёз доранд ва наметавонанд ба Покистон барқ мунтақил кунанд. Бинобарин имкони фаъолияти хати “Каса – 1000” дар тамоми сол фароҳам намешавад.
Ин мавзӯот сабаб шудааст, ки мақомоти энержии Покистон дар пайи бознигарӣ дар матни созишномаи тарҳи хати “Каса – 1000” бароянд.
Аз сӯи дигар, дар солҳои ахир Покистон бо баҳрабардорӣ аз зарфиятҳои ҷадиди тавлиди барқ, интиқоли он аз тариқи хати “Каса – 1000” ба Тоҷикистон ва Қирғизистонро хостор шудааст.
Камолиддин Сироҷиддинов пешниҳод кардааст, ки бояд Тоҷикистон аз нигоҳи иқтисодӣ муфид будани тарҳи “Каса – 1000” - ро собит кунад ва итминон диҳад, ки бо баҳрабардорӣ аз турбинаҳои ҷадиди нерӯгоҳи обии “Роғун” заминаи интиқоли барқ ба Покистон дар тамоми фаслҳои сол фароҳам хоҳад шуд.