Октябр 08, 2019 10:45 Asia/Dushanbe
  • Таиди саҳмияи иштиғоли коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар иқтисоди Русия барои соли 2020

Ҳукумати Русия саҳмияи иштиғоли коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар иқтисоди ин кишвар барои соли 2020-ро тасвиб кард.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, пеш аз ин мақомоти Вазорати сохтмонсозии Русия пешниҳод карда буданд, ки дар соли 2020 дар қаламрави вилоятҳои Омур, Буриётистон, Ҷумҳурии Доғистон ва вилояти Маскав саҳми коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар бахши сохту соз коҳиш дода шавад.

Дар тарҳи қонуни нави истихдоми коргарони муҳоҷири хориҷӣ ин пешниҳод пазируфта шудааст, ки дар минтақаҳои ёдшуда саҳми ин ашхосро коҳиш медиҳад, аммо дар бахшҳое аз иқтисоди ин кишвар саҳмияи истихдоми коргарони муҳоҷири хориҷӣ барои соли 2020 бидууни тағйир гузошта шудааст.

Чунон чи дар бахши сохту соз 80 дарсадро коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба худ ихтисос хоҳанд дод саҳми ин ашхос дар ҳамлу нақли Русия 26 дарсад, варзиш 25 дарсад ва дар бахши кишоварзии ин кишвар 50 дарсад хоҳад буд.

Дар қонуни нав таъкид шудааст, ки истихдоми шаҳрвандони Русия дар бахшҳои мухталифи иқтисоди ин кишвар дар авлавият қарор дорад ва танҳо дар сурати ҳозир нашудани ин ашхос барои кор, идораҳо ва ширкатҳо метавонанд коргарони муҳоҷири хориҷиро истихдом кунанд бар асоси гузориши созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия 70 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон дар бахши сохтмонсозӣ дар минтақаҳои мухталифи Русия фаолият мекунанд.

Теъдоди кулли коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия, ки бо иҷозатнома фаолият мекунанд 1 миллиону 200 ҳазор нафар унвон мешавад.

Ҳамчунин наздик ба 500 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамасола барои кори мавсумӣ ва умдатан кошт ва бардошти маҳсулоти кишоварзӣ дар фаслҳои баҳор ва тобистон озими Русия мешаванд ва бо фаро расидани зимистон ба кишвари худ бармегарданд.