Кумаки 400 миллиондолларии Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон
(last modified Tue, 08 Oct 2019 12:40:10 GMT )
Октябр 08, 2019 17:40 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 400 миллиондолларии Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон

Бонки Рушди Осиё аз ихтисоси кумаки 404 миллиондолларӣ ба Тоҷикистон аз солҳои 2020 то 2022 ба манзури кумак ба рафъи чолишҳо ва ниёзҳои навзуҳури ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Бонки Рушди Осиё имрӯз эълом кард, барномаи сесолаи ин бонк мутобиқ бо роҳбурдҳои мушорикатӣ бо Тоҷикистон ва авлавиятҳои тавсеаи миллии ин кишвар аст.

Илова бар сармоягузорӣ дар бахшҳои умумӣ, Бонки Рушди Осиё дар назар дорад то сармоягузорӣ дар бахшҳои хусусии тиҷорӣ, молӣ ва соири бахшҳоро низ баррасӣ кунад.

Афзоиши маҳорати машоғил, тавсеаи бахши энергӣ ва ислоҳи зерсохтҳо, иртиқои тавсеаи бахши молӣ ва ҳамчунин мудирияти манобеи об аз ҷумлаи тарҳҳое аст, ки бо кумаки молии Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон иҷро мешавад.

Бонки Рушди Осиё ҳамчунин дар назар дорад бо ин сармоягузорӣ аз тарҳҳои мутамаркиз бар тавсеаи гардишгарӣ, беҳсозии ҷодаҳо, тавсеаи зерсохтҳои шаҳрӣ ва афзоиши муқовимат дар баробари балоёи табиӣ пуштибонӣ кунад.

Нахустин кумаки Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон дар соли 1998 барои ҳимоят аз бозсозӣ ва ислоҳоти пас аз ҷанг буд.