Барномаҳои ҳукумати Тоҷикистон барои муқобила бо ифротгароӣ дар интернет
Мақомоти Кумитаи давлатии умури дин ва ҷашну маросимҳи Тоҷикистон аз иҷрои барномаҳои вижа барои муқобила бо таблиғи афкори ифротӣ дар интернет хабар додаанд.
Ба нақл аз расонаи Кумитаи давлатии умури дин ва маросимҳои Тоҷикистон, имомхатибони масҷидҳои ин кишвар муваззаф ба суханронӣ дар намозҳои ҷумъа ва фошсозии афкори вайронгари гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ ҳастанд, то насли ҷавон таҳти таъсири ин таблиғот қарор нагирад.
Ҳамчунин барои ошноии бештари имомхатибони масҷидҳо бо андешаҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ, давраҳои омӯзишии вижа баргузор мешавад.
Ҳамчунин барои ин афрод давраҳои омӯзишӣ ба манзури вуруди онҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар ҳоли баргузор аст, то бо ифшо намудани таблиғоти масмуми гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ зимни ироаи посухи саҳеҳ ба пурсишҳои насли ҷавон фароҳам шавад.
Кумитаи даволатии умури дин ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар соли 2018 иқдом ба интишори китобе бо унвони "Ислом ва терроризм" кард, ки дар миёни мардум тавзеъ шудааст.