Дастмуздҳои ақабафтода дар Тоҷикистон ба 46 миллион сомонӣ расид
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i47402-Дастмуздҳои_ақабафтода_дар_Тоҷикистон_ба_46_миллион_сомонӣ_расид
Дастмуздҳо ва маошҳои ақабафтода дар Тоҷикистон аз ибтидои имсол бо эҳтисоби бадеҳии солҳои қабл ба 46 миллиону 100 ҳазор сомонӣ расидааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 09, 2019 08:21 Asia/Dushanbe
  • Дастмуздҳои ақабафтода дар Тоҷикистон ба 46 миллион сомонӣ расид

Дастмуздҳо ва маошҳои ақабафтода дар Тоҷикистон аз ибтидои имсол бо эҳтисоби бадеҳии солҳои қабл ба 46 миллиону 100 ҳазор сомонӣ расидааст.

Ба нақл аз сомонаи Авеста, ин маблағ аз ибтидои имсол беш аз 7 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Бар асоси эъломи Агентии давлатии омори Тоҷикистон, болотарин мизони маош ва дастмуздҳои моҳиёна ба кормандони бонкҳо ва поинтарини он ба кишоварзон пардохт мешавад.

Дар ҳашт моҳи гузашта кормандони бонкҳо ва ниҳодҳои молӣ бо 3 ҳазору 338 сомонӣ (муодили 344 доллар), болотарин маоши моҳиёнаро дар Тоҷикистон дарёфт кардаанд.

Аммо кишоварзон, муҳитбонон ва коргарон моҳиёна 536 сомонӣ (наздик ба 53 доллар) маош дарёфт мекунанд, ки поинтарин мизони маоши дастмузд дар Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.