Як мақоми донишгоҳӣ дар Тоҷикистон: Либоси донишҷӯён бар ёдгирии онҳо таъсир дорад
Муовини раиси Донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон мӯътақид аст, ки навъи пӯшиши либоси донишҷӯён бар раванди фарогирии улум ва дониши онҳо таъсир дорад.
Ба нақл аз хабаргузории Азия Плюс, Маҳбуба Нуриддинзода бо ишора ба вуҷуди муқаррароти либоси ҳамшакл дар ин маркази донишгоҳӣ гуфта, ки собит шудааст навъи пӯшиши либоси донишҷӯён бар раванди фарогирии дониш таъсир мегузорад.
Вай афзуд: Аз ин рӯ, бо оғози соли таҳсилии ҷадид дар ин донишгоҳ бар раванди ҳузури донишҷӯён дар дарсҳо бо либоси мавриди тасдиқи Вазорати маориф ва улуми Тоҷикистон ба шиддат назорат мешавад, зеро қаблан донишҷӯён дар интихоби либос озод буданд, ки мӯҷиби ҳарҷу марҷи зиёде шуда буд.
Муовини раиси Донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон таъкид кард: Донишҷӯёни писар бояд ҳатман галстук бибанданд ва шиму кафшҳои муносиб бипӯшанд, аммо духтарони донишҷӯ метавонанд либоси миллӣ ё аврупоӣ дошта бошанд. Бо ин ҳол доштани ҳиҷоби исломӣ мамнӯъ аст ва духтарони донишҷӯ бояд рӯсариҳои худро ба шакле бибанданд, ки гӯшу гардани онҳо дида шавад.