Октябр 09, 2019 17:53 Asia/Dushanbe
  • Густариши равобит бо ҳамсоягон авлавияти сиёсати хориҷии Эрон

Сафири Эрон дар Тоҷикистон густариш ва таъмиқи равобит бо ҳамсоягон, ба вижа кишварҳои дӯст ва ҳамзабонро авлавияти сиёсати хориҷии Эрон унвон кард.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадтақии Собирӣ дар конфронси “Иҷрои назарияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонӣ: чашмандоз ва роҳкорҳои созгори он бо низоми байналмилал” ба иштирокоти забонӣ, фарҳангӣ, динӣ, тамаддунӣ ва таърихии Эрон ва Тоҷикистон ва авлавияти Эрон барои густариши равобит бо ҳамсоягон, ба вижа кишварҳои дӯст ва ҳамзабон ишора кард ва гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷузви аввалин кишварҳое буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва аввалин кишваре буд, ки сафоратхонаи худро дар ин кишвар таъсис кард.

Собирӣ бо ишора ба ин ки дар санади сиёсати хориҷии Тоҷикистон низ равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар авлавият қарор дорад, афзуд, дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон се ҳадафи аслӣ –шомили дастёбӣ ба истиқлоли энержӣ, амнияти ғизоӣ ва хориҷ кардани ин кишвар аз бунбасти иртиботӣ зикр шудааст.

Сафири Эрон дар Душанбе гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон зарфи 27 сол пас аз истиқлоли Тоҷикистон бо иқдомоти муҳим, аз ҷумла эҳдоси туннели “Истиқлол”, садди нерӯгоҳт “Сангтӯда 2”, мушорикати фаъоли ширкатҳои хадамоти муҳандисӣ ва фаннии эронӣ дар эҳдос садду нерӯгоҳи бузурги “Роғун” таъсиси корхонаи муштараки тракторсозӣ ва ширкатҳои тавлиди маводи ғизоӣ ва маҳсулоти ширӣ дар Тоҷикистон нақши умдае дар таҳаққуқи ин аҳдоф доштааст.

Сафири Эрон дар Душанбе бо таъкид бар ин ки сиёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳифзи субот ва амният дар Тоҷикистон аст, гуфт, Эрон барои интиқоли таҷриба ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар муқобила бо таҳдидоти террористӣ, ба вижа ДИИШ омодагии комил дорад.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон бино ба даъвати Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ба унвони меҳмони вижа ширкат ва суханронӣ кард.

Дар ин конфронс оқои доктор Диловар Қодирзода, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати умури хориҷа, расонаҳо ва ҷамъе аз муҳаққиқон, устодон ва пажӯҳишгарони ҳавзаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.