Октябр 10, 2019 08:44 Asia/Dushanbe
  • Қатъи интиқоли барқи содиротии Тоҷикистон ба Афғонистон бар асари таркиш

Ашхоси мусаллаҳи ношинос бо таркондани тири барқ дар гарданаи куҳистонии Соланг миёни вилоятҳои Бағлон ва Парвон сабаби қатъи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон шуданд.

Ба нақл аз сомонаи афғонистонии ХомаПресс, гуфта мешавад, ки акнун кори бозсозии ин бахш аз хатти 220 киловолтии барқи интиқолии Тоҷикистон ба Афғонистон оғоз шудааст.

Манобеи ширкати миллии барқи Афғонистон эълом кард, ки барқи воридотӣ аз Тоҷикистон барои таъмини ниёзи минтақаҳои марказӣ, Кобул ва бахшҳое аз ҷануби ин кишвар аст.

То ба ҳол ҳеҷ гуруҳе масъулияти ин иқдомро бар уҳда нагирифтааст.

Тоҷикистон мутааҳид шудааст, ки аз ду нерӯгоҳи барқ обии Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 аз ҷануби ин кишвар ва тариқи хутути 220 киловолтӣ дар соли равон ба Афғонистон беш аз 1 миллиарду 500 миллион киловат соат барқ содир кунад.

Нархи ҳар як киловат соат барқи содиротии Тоҷикистон ба Афғонистон 4 ва як даҳум сент таъин шудааст.