Баргузории саршумори ҷамъияти Тоҷикистон дар соли 2020
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i47466-Баргузории_саршумори_ҷамъияти_Тоҷикистон_дар_соли_2020
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури саршумори ҷамъият ва маскани ин кишвар дар соли 2020 - ро содир кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 12, 2019 06:15 Asia/Dushanbe
  • Баргузории саршумори ҷамъияти Тоҷикистон дар соли 2020

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури саршумори ҷамъият ва маскани ин кишвар дар соли 2020 - ро содир кард.

Ба гузориши “Спутник”, бар асоси дастури Эмомалӣ Раҳмон, ин барнома тайи рӯзҳои аввал то 15 октябри соли 2020 дар тамоми вилоёт ва навоҳии ин кишвар анҷом хоҳад шуд.

Бар мабнои ин дастур, раисон ва масъулони тамоми ҳукуматҳои маҳаллӣ муваззаф шуданд, ки ба кормандони Ожонси давлатии омори Тоҷикистон барои баргузории ин саршуморӣ кумак кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки ахиран Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни саршумории ҷамъият ва маскани ин кишвар, ба фасли шашуми он банд пайравӣ аз динро низ изофа кард.

Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми ироаи иттилоот аз вазъи зиндагии хеш, муваззаф ба мушаххас кардани дини худ низ ҳастанд.

Абдулҳалим Ғаффоров, намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон гуфт, ки ироаи омори дурусту саҳеҳ аз вазъи иҷтимоии шаҳрвандони ин кишвар муҷиби мушаххас кардани самту сӯи барномаҳои илмии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ин ҷумҳурӣ хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир ҷамъияти Тоҷикистон 9 миллиону 200 ҳазор нафар аст.