Баргузории рӯзҳои фарҳангии Кувейт дар Тоҷикстон
Рӯзҳои фарҳангии Кувейт дар Тоҷикстон баргузор мешавад.
Ба нақл аз Форс, Маркази матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз баргузории рӯзҳои фарҳангии Кувейт дар таърихи 14 октябр дар ин кишвар хабар дод.
Ҳамчунин ҳайати фарҳангии Кувейт субҳи рӯзи 15 моҳи равон дар маҳалли Китобхонаи миллии Тоҷикитсон дар шаҳри Душанбе бо Шамсуддин Орумбекзода вазири фарҳанги ин кишвар дидор мекунад.
Маросими ифтитоҳияи рӯзҳои фарҳангии Кувейт дар Тоҷикистон рӯзи 15 октябр соати 17 ба вақти маҳаллӣ дар театри опера ва болаи шаҳри Душанбе сурат мегирад.
Дар ҷараёни ин маросим филми мустанади синамогарони кувейтӣ ба намоиш ва ҳамчунин барномаи консертии муштарак бо ширкати ҳунармандони ду кишвар баргузор мешавад.
Дар таърихи 16 октябр дар маҳалли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи китоб ва шаби шъри шоирони ду кишвар барномарезӣ шудааст.
Рӯзҳои 17 то 18 моҳи равон ҳайати фарҳангии Кувейт аз шаҳри Норак ва минтақаи Варзоби Тоҷикистон боздид хоҳад кард.