Октябр 13, 2019 10:14 Asia/Dushanbe
  • Худкушии ду коргарманди идораи низоми вазифа ва Амонатбонк дар вилояти Бадахшон

Мақомоти интизомии вилояти Бадахшон аз худкушии ду нафар аз кормандони идораи низоми вазифа ва Амонт Бонки ин минтақа таи ду рӯзи ахир хабар додаанд.

Ба нақл аз сомонаи раёсати вилояти Бадахшон, Расул Азимшоев корманди 36 солаи идораи низоми вазифаи ин минтақа бо худрави шахсӣ, худашро ба рӯдхонаи Панҷ андохта ва худкушӣ карда,,Ориф Турдиеви 47 сола сармуҳосиби шуъбаи Амонт Бонк дар ноҳияи Ишкошим низ бо тапончаи муҳофизи ин Бонк ба сари худ шилик кардааст.

Мақомоти интизомии вилояти Бадахшон иллати худкушии Расул Азимшоев корманди идораи низоми вазифаи ин минтақаро муноқишаи хонаводагӣ эълом карда ва таъкид кардаанд,ки ҳар навъи эҳтимоли марги иҷбории вай,ки аз сӯи гурӯҳе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоъӣ матраҳ шуда беасос аст.

Иллати худкушии Ориф Турдиев ҳам,ки 22 сол дар шуъбаи Амонат Бонк дар ноҳияи Ишкошим фаъолият мекардааст, афсурдагӣ унвон шудааст.

Гуфта мешавад вай пас аз таҳқиқ ва баррасии ҳайате аз дафтари марказии Амонт Бонк аз фаъолиятҳои молии  шуъбаи ин ниҳоди молӣ дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон ба шиддат таҳти фишор қарор дошт.