Октябр 15, 2019 10:52 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҳазинаи неругоҳи барқи обии “Роғун” аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон манобеи молии ҳазина шуда, барои сохти неругоҳи барқи обии "Роғун" дар ин кишварро эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо кормандони бахши саноати Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳукумат барои идомаи сохти ин неругоҳ танҳо аз ҳисоби буҷаи давлат маблағи 24 миллиард сомонӣ ҳазина кардааст.

Чанде қабл мақомоти Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон аз ихтисоси 226 миллион доллар аз буҷаи давлати ин кишвар барои идомаи сохти неругоҳи барқи обии “Роғун” дар соли ҷорӣ хабар доданд.

Чархаи нахусти неругоҳи барқи обии “Роғун” пас аз 40 сол аз замони оғози сохти ин тарҳи муҳимми энержии Тоҷикистон, 16 ноябри соли 2018 ба баҳрабардорӣ расид.

Чархаи дуввуми ин неругоҳ дар солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон (9 сентябр)-и соли ҷорӣ, тавлиди барқро оғоз кард.

Неругоҳи “Роғун” бо садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт соат/барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқи обии минтақа аст.

Дар сурати баҳрабардорӣ аз шаш турбинаи неругоҳи барқи обии “Роғун” ҳар як бо зарфияти тавлиди 600 мегаватт/барқ дар сол, Тоҷикистон натанҳо аз буҳрони камбуди барқ хориҷ мешавад, балкӣ тавони афзоиши содироти барқ ба хориҷро низ хоҳад ёфт.

Гуфта мешавад, ки сохти ин неругоҳ дар соли 2033 ба поён хоҳад расид.

 

 

Барчасп