Хатлон, конуни ҷамъият дар Тоҷикистон
Агентии давлатии омори Тоҷикистон эълом кард, ки бештари ҷамъияти ин кишвар дар вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд.
Ба нақл аз сомонаи Агентии давлатии омори Тоҷикистон, ҷамъияти ин кишвар дар як соли ахир 2,2% афзоиш ёфтааст.
Бо ин мизони афзоиш, ҷамъияти Тоҷикистон дар як соли ахир ба 9 миллиону 212 ҳазору сад нафар расидааст, ки болотарин шохис дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи Ҳамсуд аст.
3 миллиону 310 ҳазор нафар аз ҷамъияти беш аз 9 миллионии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, 2 миллиону 678 ҳазор нафар дар вилояти Суғд, ду миллиону 144 ҳазор нафар дар навоҳии марказӣ, 228 ҳазор нафар дар вилояти Кӯҳистони Бадахшон ва 851 ҳазору 300 нафар дар шаҳри Душанбе, пойтахти ин кишвар ба сар мебаранд.
34,3 дарсад аз ҷамъияити Тоҷикистонро ҷавонон, 60 дарсадро афроди воҷиди шароити кор ва 5,7 дарсадро бознишастагон ташкил медиҳанд.
Омори сабти номи навзодон дар ин муддат дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл дар вилояти Хатлон 5,1 дарсад, дар шаҳри Душанбе 8,3 дасрад ва дар навоҳии марказии Тоҷикистон 6, 4 дарсад афзоиш ёфтааст.