Шарти Сандуқи байналмилалии пул барои кӯмаки 220 миллиондолларӣ ба Тоҷикистон
Сандуқи байналмилалии пул эълом кардааст, ки агар Тоҷикистон барномаи ислоҳоти мавриди назари ин ниҳодро дар низоми бонкӣ бипазирад, ин ниҳоди байналмилалӣ барои кӯмаки 220 миллиондолларӣ ба ин кишвар омода аст.
Ба нақл аз хабаргузории Tajik Te, ҳайати эъзомӣ ба Сандуқи байналмилалии пул пас аз дидор бо мақомоти давлати Тоҷикистон дар Душанбе эълом кард, ки дар сурати пазириши барномаи ислоҳоти дар низоми ин кишвар, омода аст ба ин кишвар 220 милион доллар кӯмак кунад.
Сандуқи байналмилалии пул бар ислоҳоти бунёдин дар низоми молӣ ва бонкӣ, эътои тасҳилоти бештар ба бахши хусусӣ, коҳиши молиёти дарёфтӣ ва шаффофсозии амалкарди бонкҳои Тоҷикистон таъкид кардааст.
Таъмини озодии муомилоти арзӣ, коҳиши суди вомҳо ва эҷоди тавозун миёни воридот ва содирот, аз дигар шартҳои Сандуқи байналмилалии пул барои Тоҷикистон аст.