Октябр 17, 2019 09:55 Asia/Dushanbe
  • Шомил нашудани қонун нав

Ҳуқуқдон ва коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон муътақиданд, ки тарҳи қонуни нави авфи умумӣ, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда шомили зиндониёни сиёсӣ намешавад.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Шокирҷон Ҳакимов бо ишора ба ирсоли тарҳи қонуни нав "Дар бораи авфи умумӣ", ки Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони ин кишвар мегуяд, ки мутаассифона дар ин қонун ишорае ба авфи зиндониёни сиёсӣ нашудааст.

Вай мегуяд, ки дар асл тарҳи ин қонун иқдоме муҳим аст, ки заминаи озодии 7 ҳазор зиндонӣ ва тахфифи муҷозоти наздик ба 20 ҳазор нафарро фароҳам мекунад.

Аз дидгоҳи вай яке аз далелҳои ироаи тарҳи қонуни нави авфи умумӣ вазъи нобасомони зиндонҳо ва теъдоди зиёди маҳкумон аст, ки камбуди манобеи молӣ муҷиби бурузи мушкилоти мухталифе барои нигаҳдории ин ашхос шудааст.

Шокирҷон Ҳакимов таъкид кард, бояд дар мавриди авфи зиндониёни сиёсӣ ва фаолони ҷомеаи мадании Тоҷикистон ҳам иқдом шавад.

Вай ибрози умедворӣ кард, ки дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон шароити авфи зиндониёни сиёсӣ низ фароҳам хоҳад шуд.

Дар тарҳи қонуни нави авфи умумӣ таъкид шудааст, ки ин барнома ба муносибати бисту панҷумин солгарди тасвиби нахустин қонуни асосии Тоҷикистон пешниҳод шуда ва дар таърихи 6 ноябри соли равон иҷроӣ хоҳад шуд.

 

Барчасп