Октябр 17, 2019 11:25 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии мақомоти  амниятии Тоҷикистон аз афзоиши хатари вуруди гуруҳҳои террористӣ

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз афзоиши хатари вуруди гуруҳҳои террористии мустақар дар шимоли Афғонистон ба дохили Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард.

Ба нақл аз ТоҷикТа, ин матлабро Абдулсаттор Шоҳиён муовини фармондеҳи нерӯи марзбонии Тоҷикистон ҳини тасвиби тавофуқномаи таъсиси гуруҳҳои муштараки коршиносии ниҳодҳои марзбонии кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд барои вокуниши сареъ дар баробари таҳдидҳои бархоста аз фаолияти гуруҳҳои террористӣ дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар эълом кардааст.

Вай гуфт, ки баррасиҳо нишон медиҳад гуруҳҳои террористӣ ва қочоқбарони маводи мухадир дар ояндаи наздик барои убур аз марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон талош хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки ахиран даргириҳои мусаллаҳона миёни марзбонони тоҷик бо гуруҳҳои террористӣ ва қочоқбарони маводи мухадири мустақар дар шимоли Афғонистон афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи муовини фармондеҳи нерӯи марзбонии Тоҷикистон идомаи даргириҳо миёни артиши Афғонистон ва гуруҳи Толибон дар наздикии марзи Тоҷикистон муҷиб мешавад. ки давлати Кобул натавонад амният дар марзи муштарак бо Тоҷикистонро таъмин кунад, аз ин ру бахшҳое аз марзи муштараки Афғонистон ва Тоҷикистон бидуни ҳифозат мемонад, ки заминаи фаолияти гуруҳҳои террористӣ ва қочоқбарони маводи мухадир дар ин минтақаҳоро фароҳам мекунад.

Дар ҳоле, ки гуруҳҳои террористӣ ҳамарӯза бо истифода аз таҷҳизоти нав мизони ҳифозати марзҳои Тоҷикистон ва имконоти ҷангии нерӯи марзбонии ин кишварро баррасӣ мекунанд, аз ин ру зарурати ҳамоҳангӣ миёни нерӯҳои марзбонии кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд барои мақобила бо таҳаррукоти гуруҳҳои террористӣ ва қочоқбарони маводи мухадир дар марзи муштараки Афғонитсон ва Тоҷикистон эҳсос мешавад.