Сентябр 26, 2016 10:23 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз гароиши ҷавонони Нуробод ба гурӯҳҳои террористӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистони аз гароиши ҷавонони ноҳияи Нуробод ба гурӯҳҳои террористӣ ибрози нигаронӣ кард.

Ба иттилои сайти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки барои ифтитоҳи чанд тарҳи санъатӣ ва иҷтимоӣ ба ноҳияи Нуробод сафар кардааст, дар дидор бо сокинони ин ноҳия аз гароиши ҷавонони ин ноҳия ба гурӯҳҳои террористӣ ибрози нигаронӣ кард .

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба ҳаводиси хунини минтақаи Ховари Миёна, ки муҷиби кушта ва овора шудани садҳо ҳазор мусалмон ва тахриби таъсисоти зербиноии кишварҳо шудааст, таъкид кард: Идомаи пайвастани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои террористӣ дар камдонишӣ ва ноогоҳии онон аз ислом рабт дорад .

Эмомалӣ Раҳмон афзуд: Муҷиби таассуф аст, ки теъдоде а ҷавонони ноҳияи Нуробод бо пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ дар кишварҳои хориҷӣ бо шиори ислом бо мусалмонон дар ҳоли ҷанг ҳастанд .

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз волидайни ин афрод ва мақомоти масъули ҳукуматӣ дар ноҳияи Нуробод хост, ки ба насли ҷавон зарурати ҳифзи оромиш ва амният дар Тоҷикистонро гушзад кунанд ва барои ҷилавгирӣ аз гароиши онон ба гурӯҳҳои террористӣ чораандешӣ кунанд.