Октябр 23, 2019 18:49 Asia/Dushanbe
  • Тақдими устуворномаи сафири Тоҷикистон ба раисҷумҳури Лаҳистон

Сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон дар маросиме устуворномаи худро ба раисҷумҳури ин кишвар тақдим кард.

Ба гузориши “Форс”, Ғайратшоҳ Соҳибназар, сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон устуворномаи худро ба Анджей Дуда, раисҷумҳури ин кишвар тақдим кард.

Баъд аз тақдими устуворнома, Соҳибназар дар Лаҳистон бо раисҷумҳури ин кишвар ба гуфтугӯ пардохт. Дар ин дидор перомуни масоили марбут ба тақвияти равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Лаҳистон ва ҳамчунин тавсеаи бештари ҳамкориҳои дуҷониба ва равобити ду кишвар дар чорчӯби Иттиҳоди Аврупо ва соири созмонҳои байналмилалӣ баҳсу табодули назар сурат гирифт.

Раисҷумҳури Лаҳистон зимни табрик ба сафири Тоҷикистон дар ин кишвар, барои вай муваффақият орзу карда ва бо таваҷҷуҳ ба равобити суннатӣ ва дӯстона миёни ду кишвар, ҳимояти худ аз тақвияти равобити ду кишварро иброз дошт.

 

Барчасп