Боздошти як духтар дар Душанбе ба иллати доштани ҳиҷоб бо рӯймоли сиёҳ
Маъмурони полиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе як духтарро ба иллати доштани ҳиҷоб бо рӯймоли сиёҳ боздошт карданд.
Ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, маъмурони полиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе як духтарро фақат ба хотири доштани ҳиҷоб бо рӯймоли сиёҳранг боздошт ва ҷарима карданд, ки ин иқдом бо эътирози шабакаҳои иҷтимоӣ ру ба ру шудааст.
Хонум Шаҳноза Исмоилова бо интишори матлабе дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз боздошт ва ҷаримаи духтари хоҳараш тавассути кормандони полиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба хотири ранги рӯймолаш хабар додааст.
Вай муддаӣ шудааст, ки маъмурони Идораи полиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо террорист хитоб кардани духтари хоҳараш, ки аз бардоштани рӯймолаш худдорӣ кард вайро ба 15 шабонарӯз боздошт таҳдид карданд.
Кормандони полис иддао кардаанд, ки онон фақат иҷрокунандаи ҳукми раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳастанд.
Замоне, ки бастагони ин духтар аз кормандони полис дархост кард, ки матни ҳукмро нишон диҳанд дар посух ба онон гуфта шуда, ки ин матн дар дасти шахси раиси ҷумҳур аст.
Кормадони полис ин духтарро ба додгоҳ муаррифӣ карданд ва ҳукми пардохти 175 сомонӣ ҷаримаи молӣ барои вай содир шудааст.
Раиси додгоҳ эълом кард, ки дар Тоҷикистон доштани ҳиҷоби исломӣ мамнуъ нест, аммо ранги сиёҳ мамнуъ аст.
Вай аз додани нусхаи ин ҳукм ба бастагони ин духтар худдорӣ кард, аммо Наврӯз Одинаев ҳуқуқдодни тоҷик гуфтааст, ки ин иқдоми маъмурони полис ғайриқонунӣ аст ва дар ин кишвар ҳеҷ ҳуҷҷати ҳуқуқие дар заминаи мамнуияти ҳиҷоб вуҷуд надорад.
Пештар мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон низ эълом карда буданд, ки дар ин кишвар қонуни мамнуияти ҳиҷоб вуҷуд надорад ва ҷаримаи ашхос дар ин маврид ғайриқонунӣ аст.