Октябр 24, 2019 12:37 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Тоҷикистон ва Жопон бар тақвияти ҳамкориҳои парлумонӣ

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар сафар ба Жопон бо раиси утоқаки мушовирини парлумони ин кишвар дидор ва бар афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.

Ба нақл аз Форс,  Муҳаммадсаид Убайдуллоҳов раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар сафар ба Жопон дар маросими таҳлифи импиратура Нарухито ширкат ва бо Акико Санто раиси утоқаки мушовирини парлумони ин кишвар дидор кард.

Дар ин дидор масоили феълӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкории 2 кишвар аз ҷумла иртибототи байнипарлумонӣ мавриди баррасии тарафайн қарор гирифт.

Убайдуллоҳов ва Санто дар бахше аз ин дидор дар мавриди таомули 2 кишвар дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ суҳбат ва бар тақвияти пояҳои ҳуқуқии равобити миёни 2 кишвар таъкид карданд.

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар поёни ин дидор раиси утоқаки мушовирини парлумони Жопонро барои сафар ба Душанбе дар фурсати муносиб даъват кард.

Дар таърихи 22 октябр раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар маросими таҳлифи импиратураи шаҳри Токиои Жопон баргузор шуд, ширкат кард.