Октябр 24, 2019 17:36 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии арзишманди тими футзали Тоҷикистон баробари Афғонистон

​​​​​​​Тими миллии футзали Тоҷикистон бо ғалаба бар тими муддаии Афғонистон ба даври ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё роҳ ёфт.

Ба гузориши хабарнигори радиои тоҷикии Садои Хуросон, тими миллии футзали Тоҷикистон дар як бозии ҳисоб шуда ва бартар дар баробари тими миллии футзали Афғонистон тавонист бо натиҷаи 5 бар 2 ба пирӯзӣ бирасад.

Тими миллии футзали Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба пирӯзӣ дар бозии гузаштаи худ баробари Непал, ҳамакнун 6 имтиёзӣ шуд ва ба даври ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё, ки дар Туркманистон баргузор мешавад роҳ ёфт.

Бо натиҷаи бозии имрӯз, бозии фардои ин тем баробари тими миллии футзали Узбакистон ташрифотӣ хоҳад буд.

 

Барчасп