Октябр 25, 2019 20:03 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи гарм аз қаҳрамони тилоии ҷудои Тоҷикистон дар Душанбе

Садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе аз нахустин қаҳрамони ҷудои ҷаҳон аз ин кишвар истиқбол карданд.

Садҳо нафар дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз Сомон Маҳмадбеков, нахустин қаҳрамони ҷудои ҷаҳон аз Тоҷикистон истиқбол карданд. Вай зимни суҳбат бо расонаҳо дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе гуфт, ки дар ин мусобиқот танҳо ба фикри дарёфти медали тило буд. Вай афзуд: “Ҳадафи ман ва мураббиёнам танҳо ширкат ва пирӯзӣ дар бозиҳои олимпӣ аст”.

Маҳмадбеков, варзишкори тоҷики муқими Русия аз хонаводаи варзишкорони маъруфи тоҷик аст, ки дар шаҳри Иркутски Русия тавассути амӯҳояш тамрин, аммо дар тамоми мусобиқаҳои ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунад. Вай борҳо пешниҳод дошта, ки аз Русия намояндагӣ кунад, вале ҳамеша ба ин дархосташ посух рад гирифтааст.

Ҷудокори ҷавони тоҷик 17-уми октябр дар Мусобиқаҳои қаҳрамонии навҷавонони ҷаҳон дар Марокаш дар миёни беш аз 80 кишвари дунё бо шикасти рақиби худ аз Русия дар вазни 73 килограм пирӯз шуд ва нахустин медали тилоӣ дар ин бахши варзишро ба Тоҷикистон овард.

 

Барчасп