Октябр 29, 2019 17:05 Asia/Dushanbe
  • Сафари ҳудуди як миллион гардишгари хориҷӣ аз оғози имсол ба Тоҷикистон

Аз оғози имсол ҳудуди як миллион гардишгари хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар кардааст.

Ба гузориши “Авесто”, 946 ҳазор хориҷӣ аз моҳи январ то сентябри соли 2019 ба Тоҷикистон сафари шахсӣ, корӣ, сайёҳӣ ё тиҷорӣ доштаанд. Ин омор ҳудуди 8 дарсад беш аз муддати мушобеҳи соли гузашта аст.

Шаҳрвандони Узбакистон бештар аз ҳамаи шаҳрвандони кишварҳои дигар ба Тоҷикистон сафар карданд, ки беш аз 63 дарсад аз гардишгарони Тоҷикистонро ташкил додаанд. Шаҳрвандони Русия, Қирғизистон, Афғонистон, Қазоқистон, Чин, Туркия, Амрико ва кишварҳои дигар дар раддаҳои баъдӣ қарор доранд.

Ҳукумати Тоҷикистон солҳои 2019-2021-ро ба унвони солҳои рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом карда, ки яке аз барномаҳои аслии он дар заминаи ҷазби гардишгарони хориҷӣ аст.

 

Барчасп