Октябр 30, 2019 09:36 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани зиндонии фирорӣ дар Тоҷикистон

Зиндонии фирории кушта шуда дар Тоҷикистон узви ҳаракати исломии Узбакистон будааст.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, раиси Созмони зиндонҳои Тоҷикистон эълом кард, ки як зиндоние, ки давраи маҳкумияти худро дар зиндони шумораи 4 шаҳри Душанбе мегузаронд ва ҳангоми фирор кушта шуд, узви ҳаракати исломии Узбакистон будааст.

Генерал Мансур Умаров гуфт, ки Акмал Эргашови 32 солаи сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд қаблан ба иттиҳоми узвият дар созмони ифротии ҳаракати исломии Узбакистон ба 12 сол зиндон маҳкум шуда буд, ки ҳангоми талош барои фирор аз зиндони шумораи 4 шаҳри Душанбе бо тирпаронии нигаҳбонон кушта шуд.

Вай таъкид кард, ин зиндонӣ 8 сол аз давраи маҳкумияти худро сипарӣ карда ва фақат 4 сол то поёни муддати зиндони вай ҳамагӣ боқӣ монда буд.

Мақомоти қазоии Тоҷикистон мегуянд, ки Акмал Эргашов бо узвият дар Созмони террористии ҳарактаи исломии Узбакистон ду бародари худро барои омӯзишҳои низомӣ ба Покистон фиристодааст, ки ин ду нафар низ дар даргириҳои мусаллаҳона дар хориҷ аз Тоҷикистон кушта шуданд.

Фаолияти гуруҳи ҳаракати исломии Узбакистон ба унвони созмони ифротӣ ва террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон мамнуъ аст.