Октябр 30, 2019 19:36 Asia/Dushanbe
  • Баргузории намоишгоҳи ихтисосии колоҳои эронӣ дар Тоҷикистон

Намоишгоҳи ихтисосии колоҳои эронӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт: Бо ройзаниҳои анҷомгирифта ба зудӣ намоишгоҳи ихтисосии колоҳои эронӣ бо меҳварияти Хуросони Разавӣ дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон барпо мешавад.

Ба нақл аз Форс, Муҳаммадтақии Собирӣ рӯзи чоршанбе дар нишасти Комиссияи тиҷорати Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маъдан ва кишоварзии Машҳад афзуд: Эрон танҳо кишваре буда, ки баъд аз пайгириҳои зиёде мувофиқати кишвари Тоҷикистонро барои баргузории намоишгоҳ ҷалб кардааст ва интизор меравад ин намоишгоҳ дар моҳи декабри имсол баргузор шавад ва баргузории он ба соли 2020 мавкул нашавад.

Вай бо баёни ин, ки кишвари Тоҷикистон чанд вижагии мутамоиз дорад, ки ҳамкории Эрон бо Тоҷикистонро зарурӣ мекунад идома дод: Аз ҷумлаи ин вижагиҳо метавон ба ҳамфарҳанг, ҳамдин, ҳамзабон ва ҳамнажод будани Тоҷикистон бо Эрон ишора кард.