Интиқоди камсобиқаи намояндагони маҷлис аз як тасмими иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон
(last modified Thu, 31 Oct 2019 06:47:29 GMT )
Октябр 31, 2019 11:47 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди камсобиқаи намояндагони маҷлис аз як тасмими иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон

Аъзои маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар як иқдоми камсобиқа аз тасмими иқтисодии ҳукумати ин кишвар дар мавриди минтақаи озоди иқтисодии Кулоб интиқод карданд .

Ба нақл аз АВЕСТО , намояндагони маҷлиси тоҷикистон дар ҷаласаи дирӯзи худ бо ҳузури Неъматуллоҳи Ҳикматуллоҳзода вазири рушди иқтисод ва тиҷорати ин кишвар аз ҳазинаи 300 ҳазор долларии муқарар шуда барои сабти ҳар ширкат ё воҳиди тиҷорӣ ва тавлидӣ дар минтақаи озоди иқтисодии Кулоб интиқод карданд ва онро муҷиби фирори сармоягузорон аз ин минтқи иқтисодӣ донистнд.

Албатта вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар тавҷияи ин тасмими ҳукумат муддаъӣ шуд ,ки колоҳои тавлидӣ дар минтақаи озоди иқтисодии Кулоб барои содирот ба хориҷ аз кишвар дар назар гирифта шудаанд ва таъини 300 ҳазор доллар барои сабти ширкат ва воҳиди тавлидӣ дар ин минтақа мунсифона аст, аммо ин амр бо истиқболи намояндагони маҷлис рӯ ба рӯ нашуд.

Ҳамзамон бо ин қазия , Шукурҷон зуҳуров , раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз кайфияти поини колоҳои тавлидӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ интиқод кард.

 Ҳамакнун дар Тоҷикистон 4 минтақаи озоди иқтисодии Суғд , Данғара , Панҷ ва Ишкошим фаъол ҳастанд ,ки қарор аст Кулоб низ ба ин феҳрист афзуда мешавад .

 Маъмулан маҷлиси Тоҷикистон аксари мусавабаҳои ҳукумати ин кишварро бемухолифат мепазирад.