Ноябр 02, 2019 10:26 Asia/Dushanbe
  • Дидори нахуствазири Тоҷикистон бо раиси ҷумҳурии Узбакистон дар Тошканд

Нахуствазири Тоҷикистон ,ки барои ширкат дар ҳаждаҳумин иҷлоси нахусти вазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Узбакистон ,ба Тошкант сафар кардааст , бо раиси ҷумҳурии ин кишвар дидор ва гуфтугу кард.

Ба нақл аз дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Узбакистон , дар дидори Қоҳир Расулзода ва Шавкат Мирзоев дар Тошкант дар бораи вазъи феълӣ ва дурнамои густариши робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ ,ҳамлу нақл ,об ва энержӣ ва гардишгарӣ миёни Душанбе ва Тошкант баҳс ва табодули назар шуд.

Тарафҳо дар ин дидор бар зарурати густариши муносибатҳои сиёсӣ ,иқтисодӣ ва тиҷорӣ , ҳамлу нақл , ва об ва энержӣ, илмӣ ва омӯзишӣ , транзитӣ ва марзбонӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Узбакистон ба унвони ду шарики роҳбурдӣ таъкид кард.

Нахуствазири Тоҷикистон ва раиси ҷумҳурии Узбакистон дар ин дидор тақвияти ҳамкориҳои тиҷории минтақаҳои муштараки марзии ин ду кишварро хостор шуданд.

Лозим ба ёдовари аст, ки таи 9 моҳи соли ҷорӣ мизони содироти Тоҷикистон ва Узбакистон дар муқоиса бо давраи мушобеҳ ба соли қабл 17 ва ҳашт даҳуми дарсад афзоиш ёфтааст.

Ақломи умдаи содиротии Тоҷикистон ба Узбакистон алюмин, барқ , симонт ва масолеҳи сохтмонӣ аст.

Таи ин муддат Тоҷикистон аз Узбакистон ба арзиши молии 10 миллион доллар газ ворид кардааст.