Худдории Беларусия аз истирдоди як рӯзноманигори мухолифи ҳукумати Тоҷикистон
(last modified Thu, 07 Nov 2019 06:00:00 GMT )
Ноябр 07, 2019 11:00 Asia/Dushanbe
  • Худдории Беларусия аз истирдоди як рӯзноманигори мухолифи ҳукумати Тоҷикистон

Беларусия аз истирдоди як рӯзноманигори мухолифи ҳукумати Тоҷикистон худдорӣ мекунад.

Ба нақл аз сомонаи Фарғона , Фарҳод Одинаеви 42 сола узви Ҳизби мамнуъаи наҳзати исломӣ ,ки 25 сентиябри имсол ҳангоми рафтан ба Лаҳистон аз Русия , дар марзи Беларусия боздошт ва ҳукумати Тоҷикистон хостори истирдоди вай ба Душанбе шуда буд,ба кишвараш истирдод нахоҳад шуд.

 Вай ,ки муасиси телевезиони мавсум ба Сафо дар соли 2013 дар Русия аст аз суи мақомоти додситони кули Тоҷикистон аз соли 2018 ба иттиҳоми таблиғи фаъолиятҳои ифротигарӣ ва кумаки молӣ ба Ҳизби мамнуъаи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон таҳти пайгарди қазоӣ қарор дорад ,ки бо вуҷуди дархости мақомоти қазоии Тоҷикистон ба Душанбе истирдод нахоҳад шуд.

Хонуми Наста Лайкку корманди Созмони мудофеъи ҳуқуқи башарии  Human Constanta

гуфтааст,ки  Фарҳод Одинаев ба эҳтимоли зиёд ба Русия бозгардонида хоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст,ки намояндагони Созмонҳои мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ муътақиданд ,ки Фарҳод Одинаев пас аз соли 2015 ва масдуд шудани телевезиони мавсум ба Сафо дар Маскав ба тиҷорат машғул буд ва ба фаъолиятҳои сиёсӣ даст надоштааст.

Фарҳод Одинаев ,ки тобеъияти русӣ ва тоҷикистонӣ дорад талош карда буд,ки дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони амнияти ҳамкории Аврупо дар Лаҳистон ,ки ҳайате аз Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифони давлати Душанбе ҳузур доранд, ширкат кунад.