Ноябр 09, 2019 13:41 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 1 ҳазору 900 мегавватии тавлиди барқи Тоҷикистон

Вазорати энержӣ ва захоири Тоҷикистон аз афзоиши 1 ҳазору 900 мегавватии тавлидии барқ дар ин кишвар дар 25 соли ахир хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар ин муддат нерӯгоҳҳои барқӣ обии Сангтудаи  1 ва 2 бо мушорикати молӣ ва фаннии Русия Эрон, маркази гармоишӣ ва тавлиди барқи шаҳри Душанбе ва ду турбинаи нерӯгоҳи барқӣ обии Рғун ба баҳрабардорӣ расидаанд ,ки сабаби афзоиши 1 ҳазору 900 мегавватии тавлиди барқ дар ин кишвар шудааст.

Дар ин миён нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун бо садди хокии 335 метрӣ бузургтарин тарҳи энержӣ дар минтақа аст,ки дар сурати баҳрабардории комил аз ин нерӯгоҳ заминаи тавлиди 13 миллиард килловват соат барқ дар Тоҷикистон фароҳам мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон барои сохти ин нерӯгоҳ 24 миллард сомонӣ ( муодили 2 ним миллиард доллар ) ҳазина кардааст.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 9 тарҳи тавлиди энержӣ бо ҳазинаи беш аз 6 миллиард сомонӣ дар дасти иҷро аст, аз суи дигар дар ин кишвар чандин тарҳи бозсозии нерӯгоҳҳои барқӣ обӣ бо қидмати беш аз 50 сол дар ҳоли иҷрост.

Ба гуфтаи коршиносон чунончӣ барои бозсозии нерӯгоҳҳои барқӣ обии Норак ва Қайроқум низ 10 миллиард сомонӣ манобеъи молӣ ихтисос ёбад тавлиди барқ дар ин марказҳо афзоиш хоҳад ёфт.

Барчасп