Ноябр 10, 2019 09:28 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи беш аз ҳазору 600 коргари хориҷӣ аз Санкт-Петербург

Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург ҳазору 600 коргари муҳоҷири хориҷиро аз ибтидои имсол ба иттиҳоми нақзи қонуни кор ва иқомат аз Русия ихроҷ кардааст, ки бештари онон тоҷикҳо ва узбакҳо будаанд.

Сомонаи Спутник менависад, ки танҳо дар моҳи октябр 268 нафар аз коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба иттиҳоми поймолсозии қонуни кор ва иқомат аз қаламрави Русия ихроҷ шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург дар моҳи октябр аз миёни 36 коргари муҳоҷири тоҷик, ки ба иттиҳоми поймолсозии қонуни кор ва иқомат дар ин шаҳр аз сӯи полис боздошт шуда буданд ҳукми ихроҷи 15 нафарро содир кард.

Бар асоси ҳукми додгоҳи Санкт-Петербург ҳар як аз ин 15 нафар ҳамчунин ба пардохти 5 ҳазор рубл ҷарима низ маҳкум шудаанд.

Мақомоти Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон, теъдоди коргарони муҳоҷири ихроҷии ин кишвар аз қаламрави Русияро беш аз 270 ҳазор нафар эълом карда ва авфи ононро хостор шудаанд.

Гуфта мешавад, ки дар 10 моҳи гузашта беш аз 50 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷик ба иттиҳоми поймолсозии қонуни кор ва иқомат аз қаламрави Русия ихроҷ шудаанд.

Ахиран бархе аз коршиносони умури муҳоҷирати Русия дар посух ба дархости масъулони ҳукумати Тоҷикистон барои авфи ин ашхос гуфтаанд, ки бо пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, Маскав ин мавзӯъро баррасӣ хоҳад кард.